Дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи Набизода Эмомалӣ, унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Сиёсати инноватсионии давлат ва хусусиятҳои он дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, зери роҳбарии Миралиён Қиёмиддин, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ пешбинӣ мешавад.
