Аз ҷараёни форум
Аз ҷараёни форум
Иштироки ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат дар Форуми III ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Ҳадафи асосии форум таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ, густариши табодули академии омӯзгорону донишҷӯён ва рушди лоиҳаҳои муштарак байни донишгоҳҳои ду кишвар мебошад.
Дар доираи Форуми III ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи Абрешим», Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишкадаи тиҷорат ва омӯзгории Денави Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои нави ҳамкориро ба имзо расонид. Ҳадаф…
Муфассал “Баимзорасонии созишномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон” »
Имрӯз мулоқоти муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Ҳамдамзода Хурсанд Акбар бо муовини ректори Xi’an International Studies University, профессор Deng Yang баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои табодули таҷрибаи омӯзгорон, табодули академии донишҷӯён ва дар амал татбиқ намудани созишномаи дуҷонибаи ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Пас аз анҷоми мулоқот меҳмонон…
Муфассал “Тавсеаи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи забонҳои хориҷии Сияни Ҷумҳурии Мардумии Чин” »
Nosir Xusrav nomidagi Boxtar davlat universitetiga xush kelibsiz Марҳабо ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Телевизиони Хатлон 23 ч. · Рӯзи дарҳои кушод дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Моро дар “#Telegram” ҳам пайгирӣ намоед https://t.me/khatlontv РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР ДДБ
Дар замони муосир соҳаи рӯзноманигорӣ ва ВАО дар кившари мо рушди бесобиқа пайдо кардааст. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ кафедраҳои махсуси рӯзноманигорӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо бо барномаҳои муосири таълимӣ, омӯзгорони ботаҷриба ва таҷҳизотҳои муосири техникӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ин кафедраҳо ҳар сол даҳҳо донишҷӯёнро дар соҳаҳои гуногуни ВАО омода месозанд. Дар факултети филологияи…
Имрӯз бахшида ба 114 солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ҷамъомади идона доир гардид. Дар ин ҷамъомад ҳайати кормандони рӯзномаи “Фурӯғ”- нашрияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолона иштирок намуданд.
Имрӯз 11-уми марти соли 2026 бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳое, ки бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ташкил шуда буд, баргузор гардид. Дар ин озмун Мунавваршо Разоқов, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси журналист-тарҷумони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барандаи Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ гардида, бо дипломи махсуси озмун қадрдонӣ…
Сухани табрикотии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик Дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола Рӯзи матбуоти тоҷик дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангиву эҷодӣ таҷлил карда мешавад, ки ин аз эҳтирому қадршиносии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Ҳамин таваҷҷуҳ ва…
