
Имрӯз дар факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилооти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси намунавии омӯзгори кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика Назаров Абдуқодир Мудинович баргузор гардид.
Дарси мазкур барои донишҷӯёни гурӯҳи 201, ихтисоси информатика-математика (таҳсили ғоибона) аз фанни «Технологияи иттилоотӣ» дар мавзуи «Вирусҳои компютерӣ» доир карда шуд.
Зимни дарс омӯзгор ба донишҷӯён оид ба мафҳум, намудҳо ва хусусиятҳои вирусҳои компютерӣ, роҳҳои паҳншавӣ ва таъсири онҳо ба фаъолияти системаҳои иттилоотӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти иттилоотӣ, истифодаи барномаҳои зиддивирусӣ ва роҳҳои пешгирии сироятёбии компютерҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни машғулият аз усулҳои фаъоли таълим, воситаҳои муосири техникӣ ва рӯнамоҳои электронӣ самаранок истифода шуда, донишҷӯён дар муҳокимаи мавзӯъ иштироки фаъолона намуданд.
Иштирокчиёни дарс баргузории чунин машғулиятҳоро барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуда, ба маҳорати омӯзгор баҳои баланд доданд. Дарси намунавӣ дар сатҳи хуби илмӣ ва методӣ баргузор гардида, ба ҳадафҳои таълимӣ ноил шуд.
