Дар доираи Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон – сарзамини тамаддунҳо ва сайёҳат» аз ҷониби Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо Нурализода Амрулло, директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расонида шуд.
Ҳадафи асосии созишнома густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ҷонибҳо, таҳкими робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва амалӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мебошад.
Зимни маросими имзои шартнома таъкид гардид, ки ҳамкории дуҷониба барои рушди иқтидори кадрӣ, мубодилаи таҷриба, ташкили чорабиниҳои муштарак ва татбиқи ташаббусҳои судманд заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва роҳандозии ҳамкориҳои пурсамар изҳор намуданд.
