
Дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи навбатии Шурои навтаъсиси диссертатсионии 6D.КОА-125 доир шуд.
Дар ҷаласа оид таҳким бахшидани иқтидори илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба ҳайати роҳбарии шуро профессор Собиров Ҷ. Ф. ба ҳайси раиси шуро, профессор Хоҷазода Т. А. ба ҳайси муовини раиси шуро ва Сафарзода Ш. Р. ба ҳайси котиби илмии шуро шомил мебошанд.
