«Фурӯғи субҳи доноӣ…»  – фурӯғи зиндагӣ гардид

Китоб ва китобхонӣ василаест, ки дар таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳии инсон, шинохти оламу одам, маърифати воқеаву ҳодисаҳо, падидаву зуҳурот ва тарғиби хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мусоидат мекунад. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» барои устодону донишҷӯён китобхонаи оммавӣ ва электронӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамарӯза аз онҳо васеъ истифода менамоянд. Тазаккур бояд дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи соҳибмаърифат намудани сокинон тадбирҳои муҳимро рӯи кор гирифта, дар ин самт як қатор санадҳои меъриву ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд. Ҳамчунин баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ва сокинон ба китобхонӣ озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар ин замина ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани озмуни мазкур Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти рақами № АП – 1339 аз 5-уми феврали соли 2020 ва ба тасвиб расид. Бо чанд нафар донишҷӯёни донишгоҳ, ки иштирокчии фаъоли озмуни мазкур буданд, суҳбате доштем, ки ҳоло фишурдаи онро пешниҳодатон менамоем. «Аввалан барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» минатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки баҳри мо ҷавонон, толибилмону китобдӯстон чунин имконияти хубро муҳайё кардааст. Мо мефахрем, ки чунин сарвари ғамхору меҳрубон ва бофарҳангу хирадманд дорем. Шахсан худи ман аз баргузории ин озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ бисёр шодам. Иштирок дар озмун тағйироти бузургу ҷиддӣ дар ҳаётам гардида, ҷаҳонбинии манавиамро тағйир дод. Дар ҳузури шахсиятҳои бузурги илму фарҳанг, шоирону нависандагон баромад кардам ва ба саволҳои онҳо то қадри донишам ҷавоб додам», – зикр дошт донишҷӯйи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Ноисри Хусрав Сорбон Бобоев. 

Дар Низомномаи озмуни мазкур тартиби гузаронидани он муайян гардида, ба тамоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар, вазорату кумитаҳои, муассисаву ташкилот ирсол шуд. Дар озмун хонандагону донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандон фаъолона иштирок намуданд. Тибқи низомнома соли гузашта озмуни мазкур дар чор марҳила аз рӯи чор номинатсия, хондану аз ёд намудани осори адибони классики тоҷику форс, хондану аз ёд намудани осори адибони муосири тоҷик, хондану аз ёд намудани осори адибони бачагона ва хондану аз ёд намудани осори адибони ҷаҳон ташкил ва гузаронида шуда, 20-уми декабри соли 2019 дар муассисаи давлатии китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахсут аст, ки чунин озмун доир мегардад ва банда аз зумраи он ҷавононе мебошам, ки дар озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд намудани адабиёти муосир иштирок намуда, ба гирифтани ифтихорномаву сипоснома ва ҳамчунин мукофоти пулӣ аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Бохтар, раиси вилояти Хатлон сарфароз гардидам. Ин озмун ба мо ҷавонони илмдӯсту китобхон заминае шуд баҳри такмил додани дониши хеш ва боз ҳам дар дили мо завқи китобхониро бедор намуд. Дар ҳақиқат ташкилу баргузории ин озмун ба баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофиза, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар, бой гардонидани захираи луғавӣ, арҷ гузоштан ба ҳадафҳои миллӣ ва эҳсоси ватандорию ватанпарастӣ насли наврасу ҷавон замина мегузорад» , – мегӯяд Дилноза Амонова донишҷӯйи курси дуюми ихтисоси журналист-тарҷумони донишгоҳ. 

Омӯзишу мушоҳидаҳо маълум намуд, ки сокинони кишвар, хоса наврасону ҷавонон аз ташкил ва ба роҳ мондани чунин озмун изҳори хушнудӣ намуда, бо шавқу завқи баланд ҷиҳати иштироки фаъол доштан дар ин озмун масъулият эҳсос карда, барои риояи талаботи Низомномаи озмун омодагиҳо дида, ба аъзои ҳакамон маҳорату малакаи худро пешниҳод намуданд. «Ман ба хондану мутолиаи асарҳои бузургон ва сароидану хондани шеъру ғазалҳои гузаштагонамон шавқи зиёд дорам ва аз фурсати фароҳамовардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода бурда, дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» иштирок кардам. Дар ҳақиқат дар вақти иштирок донишу малака ва маҳорати худро санҷидам ва ба боварӣ гуфта метавонам, ки баъди иштирок шавқу ҳаваси ман боз ҳам ба китобхонӣ дучанд шуд. Дар се даври озмун иштирок намудам вале ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ наёфтам, ин маро руҳафтода накард. Баръакс ман кӯшиш мекунам, ки барои бой гардидани хазинаи маънавии худ бештар ба китобу китобхонӣ машғул шавам», мегӯяд донишҷӯйи курси дуюми ихтисоси рӯзноманигорӣ Шамсулло Мудддинов.

Тавре дар боло ишора намудем озмуни мазкур дар чор марҳила, марҳилаи аввал дар сатҳи ҷамоату шаҳрак, марҳилаи дуюм сатҳи шаҳру ноҳия, марҳилаи сеюм даври вилоятӣ ва марҳилаи ниҳоӣ сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил ва гузаронида шудд. Дар охири моҳи ноябри соли 2019 даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар толори қасри фарҳанги Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин давр беш аз 350 нафар иштирок ва ҳунару маҳорати худро ба аъзои ҳакамон пешниҳод намуданд. Бояд қайд намоем, ки  аъзои ҳакамон аз ҳисоби донишмандони кишвар таъсис дода шуда, ба ҳар як иштирокчӣ мувофиқи донишу малака баҳои воқеӣ мегузоштанд. «Ин озмун барои мо ҷавонон ҳамчун санҷише буд, ки мо тавонистем дараҷаи дониши худро бисанҷем, гарчанде, ки як қисми мо иштирокчиён ба даври чорум, яъне ҷумҳуриявӣ роҳхат нагирифтем вале мо кӯшиш менамоем, ки дониши худро сайиқал диҳем ва дар озмунҳои дигар боз фаъолона иштирок намоем. Озмун барои мо як дарсӣ хуб ва роҳнамое барои китобхонӣ гардид, ки ҳар яки моро водор месозад, ки илми замонаро омӯхта, дар пешрафту гулгулшукуфоии Ватан саҳмгузор бошем ва тамоми ҳунару маҳорати худро дар ин роҳ сарф намоем», – гуфт зимни суҳбат Холнисо Бегонова донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав. 

 Қайд намудан зарур аст, ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати сафарбар намудани донишҷӯён ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, муҳассилин ба устодони пуртаҷриба вобаста шудаанд.

 

  

Сангимурод Шарифов – сардори

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав