СУХАНИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ИҚТИСОДӢ ҚУРБОНЗОДА МАҲМАДАЛӢ РАҲМАТ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҳамкасбон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла мову шумо дар арафаи яке аз ҷашнҳои қадимтарини аҷдодиамон-Наврӯзи хуҷастапай, ки 14 сол қабл бо ташаббуси Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии сарони кишварҳои Наврӯзро ҷашнгиранда аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалиро касб намуда буд, қарор дорем. Аз ин рӯ, ҳар яки…

Муфассал

ДАРСИ НАМУНАВӢ

Имрӯз аз ҷониби Муҳиддинов Азизулло, омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав дар гурӯҳи 406-и ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ аз фанни Муқовимат ба экстремизм дар мазуи “Ҷинояти терроризм” баргузор шуд.

Муфассал

“НАҚШИ ДОНИШҲОИ ГЕОГРАФӢ ВА САЁҲАТИ ЭКОЛОГӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ”,

– Зери ин унвон имрӯз дар Шурои диссертатсионии ДДБ ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бо иштироки Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессорон ва омӯзгорон баргузор гардид. Дар мизи мудаввар Ф. Қувватов, мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими география, дар мавзуи “Нақши саёҳати экологӣ дар рушди иқтисодиёти сабз”, Д. Давлатов,…

Муфассал

НАВРӮЗ БА УНВОНИ ИДИ БАҲОР ВА ЭҲЁИ ТАБИАТ ДАР КУЛЛИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ҶАШН ГИРИФТА МЕШАВАД

Имсол ин ҷашни бостонии ориётаборон, ҷашни аҷдодии тоҷикон – Наврӯз бо рангу бӯйи тоза ба кишвари тоҷикон қадам гузошт. Ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дошта, он аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Ниёгони мо ин ҷашнро аз насл ба насл, марҳала ба марҳала аввал ба таври шифоҳиву дарку фаҳмиши ботиниву зеҳнӣ ва баъд бо пайдоиши хат…

Муфассал

Баргузории аксияи “Тоҷикона мепушем” дар донишгоҳ

Ин чорабинӣ аз ҷониби Давлатова Роҳила, мудири шуъбаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар роҳандозӣ гардида, дар он омӯзгорону донишҷӯдухтарон ширкат доштанд. Мақсад аз ин иқдом арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан, баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ…

Муфассал

ОҒОЗИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

Имрӯз, 18 марти соли 2024 дар толори Маркази илмӣ-таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оид ба гузаронидани даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Сараввал, сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Меҳринисо Ҷалилова вобаста ба Фармоиши ректори донишгоҳ ҷиҳати баргузории даври муассисавии озмун, ҳайати комиссия ва кумитаи тадорукот…

Муфассал

ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР БАХШҲО

Ҳайати комиссия довталабони даври аввали озмуни ҷумҳуриявиро дар доираи Низомнома аз санҷиш гузаронида истодаанд. Аз саволу ҷавобҳо маълум мешавад, ки иштирокчиён омодагии зиёд дидаанд. Қайд намудан зарур аст, ки ба озмун 100 нафар довталаб номнавис шудаанд. Тибқи нақша озмун аз 18 то 20 март идома меёбад.

Муфассал