МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР КАФЕДРАИ РӮЗНОМАНИГОРӢ

Рӯзи 3-юми феврали соли 2024 дар Маркази илмӣ – таҳқиқотии “Мавлоношинос”-и донишгоҳ муҳокимаи рисолаи номзадии унвонҷӯйи кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Мусовирова Фарзона Восифиевна дар мавзуи “Нақш ва мавқеи матбуоти даврии Тоҷикистон дар ташаккули тарбияи ватандӯстӣ” баргузор гардид. Дар муҳокимаи рисолаи номзадӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ, дотсент…

Муфассал

РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ АЗ МАВЗЕИ “ЗАҒЕРТУТ” ДИДАН КАРДАНД

Имрӯз Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз мавзеи таълимию таҷрибавии”Зағертут”-и назди донишгоҳ дидан намуданд. Тавре ба Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ иттилоъ доданд ин мавзеъ дорои 5 гектар замин буда, дар майдони 3 гектари он боғ бунёд шудааст. Дар мавзеи номбурда 782 бех дарахти мевадиҳанда аз ҷумла (анор, зардолу,…

Муфассал

БОЗДИДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ АЗ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

Имрӯз Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ аз корҳои сохтмонии бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дидан намуд. Маврид ба ёдоварист, ки корҳои бунёдиро дар иншооти мазкур ҳамчун пудратчии асосӣ ҶДММ «Собир САМ» ба уҳда дорад. Тавре маълум гардид, то ба имрӯз таҳхонаи қисмҳои бинои А, Б ва В ба анҷом расидааст.

Муфассал

НИШАСТИ МАТБУОТИИ ДОНИШГОҲ БО ИШТИРОКИ ВАО

Имрӯз 2-юми феврали соли 2024 дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи намояндагони ВАО баргузор шуд. Дар нишасти матбуотӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ, муовини аввал, муовинон, деканҳои факултет ва дигар масъулони сохторҳои марбутаи донишгоҳ ва 28 нафар намояндагони ВАО-и Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар оғоз Қурбонзода…

Муфассал

ДАЪВАТ БА НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав намояндагони ВАО-ро ба нишасти матбуотии ин ниҳод, ки рӯзи 2-юми феврали соли 2024 баргузор мегардад, даъват менамояд. Нишасти матбуотии Рёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соати 09:00 сурат хоҳад гирифт. Макони баргузорӣ толори Кохи фарҳангии донишгоҳ, воқеъ дар минтақаи Дӯстии халқҳо.

Муфассал

НАҚШ ВА МАВҚЕИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамасола Паёмҳои навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кормандони касбу кори гуногун ва сокинони кишвар ироа мегардад. Паёми навбатии Сарвари давлат 28-уми декабри соли 2023 баргузор гардид. Маҳз бо шарофати Паёмҳои солонаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра ба марҳилаҳои навбатии рушду инкишоф ворид мегардад. Зеро дар Паёми…

Муфассал

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 29 январи соли 2024 №20
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии«Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав»озод намудани Давлатзода С.Х. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» озод карда шавад. РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Муфассал

МУАРРИФИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз зери роҳбарии Саидзода Раҳим Ҳамро, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод ва таъин шудани ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо кормандони донишгоҳ суҳбат – вохӯрӣ доир шуд. Гуфта шуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо сабаби ба кори…

Муфассал

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 29 январи соли 2024 №25
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии«Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав»таъин намудани Қурбонзода М. Р Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» таъин карда шавад. РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Муфассал