Имрӯз, 30 майи соли 2026, дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-019-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии Ҳомидзода Ҷонибек Убайд, омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Таҳқиқоти ҳуқуқӣ-ҷиноятии ҷиноятҳои дорои хусусияти конвенсионӣ» таҳия гардида, зери роҳбарии илмии Назаров Аваз Қувватович, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муваффақият дифоъ намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 5.5.8 – ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ мешавад.
