Имрӯз унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими технологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Савруллозода Ҳанифа Саврулло дар кафедраи таълими физика ва технологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ, ки ҳамчун муассисаи пешбар муайян гардидааст, рисолаи номзадии худро бомуваффақият пешдифоъ намуд.
Рисолаи илмии унвонҷӯ дар мавзуи «Методикаи баландбардории салоҳиятҳои касбии омӯзгорони ояндаи ихтисоси “Технология (таълими меҳнат)” бо воситаи ҳунарҳои миллӣ (дар мисоли вилояти Хатлон)» таҳия гардида, зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ Сатторов Абдурасул иҷро шудааст.
Рисола барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3 – Педагогика (5.3.10.11 – Назария ва технологияи таълими меҳнат ва дизайн) пешниҳод гардидааст.

