Имрӯз дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-048 дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи рисолаи номзадии Саъдуллозода Шамсулло Саъдулло, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Методикаи фаъолгардонии донишҷӯён ҳангоми ташкилу гузаронидани машғулиятҳои озмоишӣ дар раванди таълими физика барои ихтисосҳои омӯзгории МТОК”, зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, Холзода Муъмин доир шуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.10. Назария ва технологияи таҳсилоти касбӣ (фанҳои табиӣ-риёзӣ), 5.3.10.2. Назария ва технологияи таълими физика пешбинӣ мешавад.
