Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз муҳимтарин ва арзишмандтарин дастовардҳои мардуми куҳанбунёд ва соҳибифтихори Тоҷикистон ба шумор меравад. Истиқлолу озодӣ, ки натиҷаи андешаву хиради миллӣ мебошанд, барои таҳкими давлатдорӣ ва таъмини пойдории давлат аҳаммияти ҳаётан муҳим дошта, барои наслҳои оянда ҳамчун роҳнамои устувор хизмат хоҳанд кард. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз дар таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ва ҳаёти мардуми кишвар тағйироти куллӣ ба вуҷуд оварда, заминаи мусоид фароҳам овард, ки мо соҳиби давлати мустақилу соҳибихтиёр гардем.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи муҳимтарини ҷомеа муайян гардида, барои рушди устувори низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими волоияти қонун заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд.
Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеа ва шаҳрвандонро бар асоси риояи қонун ва меъёрҳои ҳуқуқӣ тақозо менамояд. Аз ин рӯ, тамоми равандҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ бояд дар доираи қонунгузорӣ ва бо эҳтироми волоияти қонун амалӣ гарданд.
Қобили зикр аст, ки дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Дар натиҷаи ин дастовардҳо Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари соҳибтамаддун, фарҳангпарвар ва дорои мавқеи устувори сиёсӣ эътироф гардид.
Давраи Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик имконияти воқеӣ фароҳам овард, ки самти рушди имрӯзу ояндаи худро мустақилона муайян намуда, роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб кунад. Истиқлолият барои мо на танҳо рамзи олии Ватан ва ватандорӣ, балки муҳимтарин асоси давлатсозӣ ва давлатдории мустақил мебошад. Он ба рушди созандагӣ, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, болоравии худшиносии миллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ замина гузошта, барои таъмини зиндагии озод, шоиста ва осудаи шаҳрвандон ва расидан ба саодати воқеии миллат имкониятҳои васеъ фароҳам овард.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти сиёсати хориҷӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон як қатор рӯйдодҳои муҳиму таърихӣ ба вуқӯъ пайвастанд, ки барои таҳкими мавқеи кишвар ва баланд гардидани нуфузу эътибори он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, мавқеъ ва ташаббусҳои созандаи он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва дастгирӣ меёбанд. Кишвар дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ саҳми фаъол гузошта, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ мавриди таваҷҷуҳ ва ҷонибдорӣ қарор гирифтаанд.
Табиист, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускори ҳалли як қатор масъалаҳои хусусияти глобалидошта эътироф шудааст. Давлати Тоҷикистон, зери роҳбарии хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муаллифи чор ташаббуси бузург дар соҳаи об, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза 2003», «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» мебошад, ки имрўз дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта ва амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон ташаббуси навбатӣ дар сатҳи байналмилалӣ ин аз ҷониби ҷомеи ҷаҳонӣ дастгири ёфтани пешниҳоди навбати оид ба эълон гардидани солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» (яхшиносӣ) ифода мегардад, ки дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи обу иқлим замина мусоид фароҳам оварда барои ҳалли мушкилоти рӯзмарраи рушди «иқтисоди сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод фароҳам меоварад. Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» низ идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад, ки марҳалаи муҳиме дар талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таҳкими волоияти қонун, густариши маърифати ҳуқуқӣ ва таъмини дастрасии одилона ба адолат маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, сани 11-уми июни соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 700 – солагии Ҳофизи Шерозӣ конфронси илмӣ-назариявии байналмилалӣ баргузор гардид.
Ҳофизи Шерозӣ бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷик буда, дар таърихи адабиёти форсу тоҷик мақоми баланд дорад. Осори Ҳофиз асрҳо инҷониб дар сарзамини Эрону Ҳиндустон, ва Осиёи Миёна шуҳрат пайдо карда, дар дили ҳазорон пайравону муштоқонаш ҷой гирифтааст.
Ҳамзамон, бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ташкил ва баргузор гардида истодааст, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ахлоқи ҳамида ва ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Қадами нисбатан муҳим дар ин самт санаи 25-уми июни соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.
Ин ва дигар ташаббусҳои байналмилалии кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моро водор менамоянд, ки барои дар руҳияи ватандӯстиву соҳибдавлатӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани қишрҳои гуногунӣ ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузорем.
Бо ифтихор аз давлату кишвари соҳибистиқлоламон бо боварии зиёд метавон изҳор дошт, ки бо шарафёб гардидан ба ин рукни асосии давлатдорӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд роҳи пуршебу фароз ва пурифтихореро тай намуда, дар самти таъмини шароити зиндагонии арзандаи сокинони кишвар, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаётан муҳим ва эҳёни рукнҳои асосии давлатдорӣ ба дастовардҳои раднопазир мушарраф гаштааст. Сулҳу ваҳдати миллӣ, оромию субот дар ҷомеа ва таъмини амнияти сартосарии кишвар аз беназиртарин ва арзишмандтарин дастовардҳое мебошанд, ки мардуми бузургу сарбаланди тоҷик бо шарофати заҳмату талошҳои шабонарузии роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст. Маврид ба зикри хос аст, ки бо азму талоши Пешвои миллат заминаҳои мусоид барои амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат фароҳам оварда шуданд. Албатта воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ Пешвои муаззами миллат ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки танзими пайвастаи онҳо ва хусусияти меъёри бахшидан ба чунин рукнҳои асосии давлатдорї ба истиқлолияти давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 35 сол қабл аз ин нахустин заминаҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Ваҳдати миллию Конститутсия гардидем.
Ҳамин тавр, дар тўли 35 соли соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардада, марҳила ба марҳила дар татбиқи ин ҳадафҳо қадамҳои устувор мениҳад.
Аз ин рӯ вазъи ноустувор ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, истиқлолу озодии кишвару миллатро ҳифз намоем, волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлати худро таъмин кунем, саъю талоши худро ба хотири боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ равона созем, Ватанамонро обод ва давлатамонро неруманду пешрафта гардонем.
Раҳимзода Хуршед,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

