Дар доираи сафари кории Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, раиси ноҳияи Хуросон дар Маркази таълимии касбомӯзии назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ноҳияи Хуросон Маркази рушди инкишофи кӯдакро ифтитоҳ намуданд.
Марказ аз 4 синфхона иборат буда, барои қабули 96 кӯдак омода гардидааст. Ҳар ҳар як синфхона то 24 нафар ба таълиму тарбия ҷалб карда мешавад. Ҳар як синфхона бо мизу курсӣ, таҷҳизотҳои таълимӣ ва шароитҳои мусоиди баргузории бозиҳои кӯдакона фароҳам оварда шудааст.
Бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 24 нафар таълимгирандагон тӯҳфа тақдим гардид. Инчунин дар назди марказ толори хониш мавҷуд буда, барои фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ ва рушди малакаи кӯдакон хизмат мерасонад. Маркази рушди инкишофи кӯдак дар доираи Лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон, густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

