Рӯзи 4- уми сентябри соли равон дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-125- и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи диссертатсияи Ҳусайнов Зубайдулло Қурбоналиевич, докторанти кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Алоқамандии байни электрогузаронӣ ва гармигузаронии маҳлули обии гидразин» зери роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Сафаров Маҳмадалӣ Маҳмадиевич баргузор гардид.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D071900-Радиотехника, электроника ва телекоммуникатсия (6D071919 – физикаи гармо ва назарияи техникаи гармо) пешбинӣ мешавад.
