Бинои таълимии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23- юми марти соли 2019 ба истифода дода шуд, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 24 синфхона, аз ҷумла 2 синфхонаи технологияи иттилоотӣ, 9 утоқи корӣ мавҷуд ва бо тамоми шароити муосири таълим таъмин мебошанд.
Факултети сиёсат ва идораи давлатӣ дорои се кафедра -кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва кафедраи фалсафа мебошад. Дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ дар маҷмуъ 85 нафар омӯзгор, аз он ҷумла 5 нафар профессорон, 13 номзади илм, 3 нафар саромӯзгор ва 64 нафар асистентон ба донишҷӯён дарс медиҳанд.
Дар факултети мазкур гурӯҳҳои таълимашон бо забони русӣ ва англисӣ таъсис дода шуда, фаъолияти назаррас доранд. Дар назди факултет аз ҳисоби кафедраҳои пешбар 3- маҳфили илмӣ –“Дунёи сиёсат”, “Минбари ҳуқуқшинос” ва “Файласуфони ҷавон” фаъолият намуда истодааст, ки роҳбари онҳоро омӯзгорони ботаҷрибаи факултет бар уҳда доранд.
Факултети сиёсат ва идораи давлатӣ мувофиқ ба нақшаҳои таълимӣ имсол донишҷӯёнро аз рӯи 8 ихтисос ба таҳсил ҷалб менамояд.
1-24010213 – Психологияи ҳуқуқшиносӣ
1–230106–0103– Сиёсат ва идораи давлатӣ
1-26010201 – Танзими ҳуқуқии соҳаҳои идораи давлатӣ
1–230101-Муносибатҳои байналмилалӣ
1-930101 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ
1-240103 – Ҳуқуқи иқтисодӣ
1–230106-01 – Сиёсатшиносӣ (фаъолияти сиёсию ҳуқуқӣ)
1-210201 – Фалсафа.
Муваффақияти дигари назарраси факултетро таъмини кадрҳои баландихтисос, ки аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷалб карда шудаанд, ташкил медиҳад.
