Дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон лагери экологӣ таҳти унвони «Green.Digital.Smart — Leadership Lab» идома дорад.
Донишҷӯёни донишгоҳ дар ин барномаи муҳим фаъолона иштирок намуда, донишу малакаҳои худро дар самтҳои иқтисоди сабз, технологияҳои рақамӣ ва роҳбарияти иҷтимоӣ такмил медиҳанд.
Ҳадафи асосии лагер — тарбияи насли нави роҳбарони ҷавон мебошад, ки қодиранд ташаббусҳои экологӣ ва иҷтимоиро дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ таҳия ва амалӣ намоянд.

