Ҳамасола 23 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон бо тантана ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил мегардад. Ин санаи муҳим нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату ҷомеа нисбат ба насли ҷавон буда, мақому манзалати ҷавононро дар рушди давлатдорӣ боз ҳам баландтар менамояд. Ҷавонон имрӯз нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа, идомадиҳандаи анъанаҳои миллӣ ва созандагони фардои кишвар ба ҳисоб мераванд.
Дар ҷаҳони муосир, ки рушди илму техника ва технология босуръат пеш меравад, нақши ҷавонони донишманду кордон боз ҳам муҳимтар гардидааст. Пешрафти ҳар як давлат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, малака ва фаъолнокии ҷавонони он вобаста мебошад. Хушбахтона, ҷавонони тоҷик имрӯз бо ақлу заковат, истеъдод ва қобилияти баланди худ дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
Имрӯз ҷавонони фаъоли кишвар дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, технологияҳои иттилоотӣ, соҳибкорӣ, фарҳанг ва варзиш фаъолияти самаранок доранд. Бисёре аз онҳо дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб мешаванд ва парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардоранд. Ин ҷавонон бо дониши муосир ва ҷаҳонбинии васеъ исбот менамоянд, ки насли ҷавони тоҷик метавонад дар рақобати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи арзанда дошта бошад.
Махсусан, рушди технологияҳои иттилоотӣ барои ҷавонон имкониятҳои нав фароҳам овардааст. Имрӯз ҷавонони соҳибмаълумот дар таҳияи барномаҳои компютерӣ, таъсиси ширкатҳои инноватсионӣ ва пешбурди соҳибкории рақамӣ саҳми арзанда мегузоранд. Бисёре аз ҷавонон тавассути фаъолияти созандаи худ ҷойҳои нави корӣ ташкил намуда, барои беҳтар гардидани вазъи иқтисодии ҷомеа мусоидат мекунанд.
Дар баробари дониш ва малака, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ низ барои ҷавонон аҳамияти калон дорад. Ҷавонони фаъоли кишвар дар корҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи муҳити зист, корҳои хайрия ва ободониву созандагӣ иштироки фаъолона доранд. .
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ медонад. Барои таҳсил ва рушди қобилияти ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бунёди муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, китобхонаҳо ва майдонҳои варзишӣ далели равшани ин ғамхориҳо мебошанд. Ҳамчунин, озмунҳо, форумҳо ва барномаҳои давлатии ҷавонон имконият медиҳанд, ки ҷавонон истеъдоди худро сайқал диҳанд ва барои ояндаи худ заминаи устувор гузоранд.
Яке аз вазифаҳои муҳими ҷавонон имрӯз омӯзиши илмҳои муосир, аз худ кардани касбу ҳунар ва истифодаи дурусти технология мебошад. Ҷавонони донишманд метавонанд бо ихтироот, кашфиёт ва ташаббусҳои нав дар рушди кишвар саҳми босазо гузоранд. Зеро ҷомеаи пешрафта маҳз ба ҷавонони соҳибмаърифат ва кордон такя мекунад.
Ҷавонон бояд ҳамеша барои баланд бардоштани дониш, рушди маънавиёт, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти кишвар талош варзанд.
Одилзода Исмоил,
директори Маркази таҳсилоти фосилавии ДДБ ба номи Носири Хусрав
