Ҷавонон қишри фаъоли ҷомеа мебошанд ва ҳамчун унсури муҳими сохтори иҷтимоии ҷомеа бо раванди инкишофи ҷаҳонбинӣ, низоми арзишҳо, худмуайянкунии касбӣ ва иштироки фаъол дар муносибатҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ мақоми худро дар ҷомеа меёбанд.
Ҷавони муосир имрӯз коромӯз, коргар, донишҷӯ, бунёдкунандаи оилаи нав ва иштирокчии фаъоли ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ мебошад. Ҷавонон насле, ки ба ҳаёти сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва иқтисодии ҷомеа қадамҳои аввалини худро мегузоранд ва кӯшиш менамоянд, ки мавқеи худро дар ҷомеа устувор намоянд.
Инчунин ҷавонон ба таври фаъол ба тамоюлҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таъсир мерасонанд ва бо тағйиротҳое, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меоянд рӯ ба рӯ мешаванд ва бо онҳо мутобиқ мегарданд. Ин раванд чунин ҳолатро ба вуҷуд меорад, ки насли калонсол ҷавононро эътироф кунанд ва ба онҳо гӯш диҳанд. Маҳз чунин муколамаи созанда дар байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ барои бунёди ҷомеаи устувор ва фарогир мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир ҷавонон қувваи ҳаракатдиҳандаи дигаргуниҳо ва навовариҳо ҳастанд. Дар баробари ин нақши ҷавононро нодида гирифтан низ ғайриимкон аст. Чунки бевосита ҷавонон дар равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷалб гардидаанд.
Маълум аст, ки масъалаи ҷавонон дар замони муосир дар худ хусусияти глобалӣ ва умумибашарӣ касб намуда, дар маркази таваҷҷуҳи тамоми кишварҳо ва ташкилотҳои бузурги ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рақамикунонӣ ва рушди босуръати иҷтимоӣ, ҷавонон на танҳо ба қисмати аз ҳама бештар қабулкунандаи тағйирот дар ҷомеа, балки ба омили калидии пешрафти минбаъдаи он табдил меёбанд. Сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароит барои таҳсил, худшиносии касбӣ ва иштироки шаҳрвандӣ ба тарбияи насли дорои масъулияти иҷтимоӣ, босаводи сиёсӣ ва рақобатпазир, ки қодир ба таъмини рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошад, мусоидат мекунад.
Дар баробари корҳои ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон, чораҳо оид ба тақвияти тарбияи ватандӯстӣ, тақвияти арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ ва фароҳам овардани шароит барои қонеъ кардани вазъи иҷтимоии ҷавонон дар ҷараён аст. Албатта, сиёсати маорифпарварона ва муассири давлатии ҷавонон омили калидӣ дар пешгирии экстремизм дар байни ҷавонон буда, барои рушди онҳо шароит муҳайё карда мешавад. Чуноне Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: «Бо дарназардошти он, ки зиёда аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд, масъалаи илму маориф ва рушди неруи инсонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлати моро ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки дар 35 соли истиқлол шумораи мактабҳои олӣ дар кишвар аз 13 то 48 адад афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон бо ин, шумораи донишҷӯён дар онҳо аз ҳафтод ҳазор то ба зиёда аз дусаду бисту панҷ ҳазор нафар расидааст. Дар баробари ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён, бархурдор гардидани онҳо аз дастовардҳои илму технологияҳои муосир пайваста талош меварзад. Ҳоло зиёда аз чил ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар мактабҳои таҳсилоти олии 47 кишвари дунё машғули омӯхтани илму дониш мебошанд».
Ҳамин тариқ, дар кишвар имкониятҳои васеъ барои рушди зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва касбии ҷавонон фароҳам оварда мешавад. Аз ин рӯ, ҷавонон имрӯз дар кишвари мо гурӯҳи фаъоли иҷтимоиро ташкил медиҳанд, ки ба рушди ҷомеа ва давлат таъсири назаррас мерасонанд.
Насли ҷавон дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ иштирок карда, барои роҳандозӣ намудани ғояҳои нав дар ҷомеа мусоидат мекунанд. Онҳо барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ аъзоёни ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва корхонаҳо гардида, саҳми худро дар иқтисодиёти мамлакат мегузоранд. Воқеан чунин иштироки ҷавонон дар ҳаёти чомеа боиси пешрафти иҷтимоӣ ва рушди устувори давлат мегардад.
Наргис Нурализода, муовини
ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
