Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба таваҷҷуҳи ҳамаи устодони кафедраҳои факултетҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав мерасонад, ки санаи 01.06.2026, басти якум дар факултети физика толори №4, соати 09:00 дарси кушоди декани факултети математика н.и.п. Абдуллоев Суҳроб Раҳматович дар гурӯҳи 103 ихтисоси системаҳои автоматикунонидашуда ва коркарди ахбор (ғоибона) аз фанни физикаи умумӣ (шакли машғулият маърӯзавӣ) дар мавзуи «Зарядҳои электрикӣ. Қонуни бақои заряд. Қонуни Кулон. Шадидияти майдони электрикӣ» баргузор мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд дар ин машғулият иштирок намоянд.
