
Мизи мудаввар дар мавзуи «Ҳифзи табиат – ҳифзи ҳаёт» баргузор гардид
Имрӯз дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018–2028”» мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳифзи табиат – ҳифзи ҳаёт» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият, омӯзгорон, муҳаққиқон ва донишҷӯён иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, тозагии муҳити атроф ва аҳамияти об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт мубодилаи афкор анҷом доданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки ҳифзи муҳити зист яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванд ба шумор рафта, баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ободониву сабзазоркунӣ барои таъмини рушди устувор аҳамияти хос дорад. Ҳамчунин аз ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъалаҳои обу иқлим ёдовар шуда, нақши онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии экологӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Мизи мудаввар дар мавзуи «Ҳифзи табиат – ҳифзи ҳаёт» баргузор гардид
