Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-методӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нахуст, масъалаи «Ҳолати ташкили дарсҳои намунавӣ, кушод ва онлайнӣ дар кафедраҳои донишгоҳ ва ҷанбаҳои илмӣ-таълимӣ ва илмӣ-методии онҳо» аз ҷониби Ҳиматзода Ҳасан, сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ муҳокима шуд. Таъкид гардид, ки баргузор намудани чунин дарсҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва беҳтар намудани сифати донишандӯзии донишҷӯён аҳамияти калон дорад. Масъулин ҷиҳати тақвияти ин самт ва истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ вазифадор карда шуданд.
Сипас, натиҷаи фаъолияти Шурои илмӣ-методӣ ва иҷрои қарорҳои он дар соли таҳсили 2025–2026, инчунин вазифаҳои асосӣ барои соли таҳсили 2026–2027 мавриди таҳлил қарор гирифт. Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ корҳои назаррас дар самти таҳияи маводи таълимӣ ва методӣ, такмили фаъолияти кафедраҳо ва баланд бардоштани сифати таълим анҷом дода шудаанд.
Дар анҷоми ҷаласа барои боз ҳам такмил додани фаъолияти илмӣ-методӣ, густариши дарсҳои намунавӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.
