
Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пас аз анҷом ва ҷамъбасти ҷаласаи Шурои ноибони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Барномаи фарҳангиро кормандони дастаи «Леваканд»-и назди донишгоҳ омода намуда, ба ҳозирин маҷмӯи суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои дилнишин ва саҳнаҳои ҷолиби фарҳангиро пешкаш карданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими муҳити маънавию фарҳангӣ ва фароҳам овардани фазои дӯстона миёни иштирокдорони ҷаласа арзёбӣ гардид.
Иштирокчиёни чорабинӣ ба ҳунару маҳорати ҳунармандон баҳои баланд дода, баргузории чунин маҳфилҳои фарҳангиро дар баробари чорабиниҳои илмию таълимӣ омили муҳими рушди фарҳанг ва таҳкими ҳамкориҳои байнимуассисавӣ маънидод намуданд.
Чорабинӣ дар фазои самимият, шодмонӣ ва эҳтиром ба фарҳангу суннатҳои миллӣ анҷом пазируфт.
