Имрӯз дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-102- и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи диссертатсияи Ҳусайнова Ҳамроз Меҳрубонона, докторанти кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Асосҳои методии ташаккули салоҳияти мустақилияти донишҷӯён ҳангоми омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ”, зери роҳбарии Хайрзода Ашурали Гургак – доктори илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир гардид.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа PhD доктор аз рӯйи ихтисоси 6D011200 – Кимиё (6D011202 – Назария ва технологияи таълими химия (таҳсилоти касбӣ) пешбинӣ мешавад.
