
Дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-024-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии Ализода Абдулқодир Маҳмадраҳим, омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки дар мавзуи «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ: мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ (охири асри ХХ-ибтидои асри XXI)», зери роҳбарии илмии Саидов Ҳомид, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи Донишгоҳи Славиянии Россия ва Тоҷикистон доир гардида, бо муваффақият дифоъ намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 6.1.6. – Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати беруна пешбинӣ мешавад.
