
Имрӯз бо ибтикори рӯзномаи “Хатлон” дар кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар таҳти унвони ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид – «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар омӯзгорон, рӯзноманигорон ва донишҷӯён иштирок намуда, доир ба аҳаммияти ин ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи сулҳпарварӣ мубодилаи афкор карданд.
Зимни ҳамоиш Носирҷон Маъмурзода, Сангимурод Шарипов, Мурод Мурод, Азимҷон Азимов ва Дилором Маҳкамзода бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди ташаббусҳои глобалии сулҳҷӯёна, сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат ва аҳаммияти қабули «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)»-ро дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Иштирокчиён таъкид карданд, ки ташаббуси мазкур боз як иқдоми муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буда, ба таҳкими фарҳанги сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзаву оянда мусоидат хоҳад кард.
Дар анҷоми мизи мудаввар миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, вобаста ба нақши воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа пешниҳодҳои судманд иброз гардиданд.
