Имрӯз дар ҷаласаи ғайринавбатии кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пешдифои рисолаи илмии унвонҷӯи кафедраи рӯзноманигорӣ Хайрзода Рамазон дар мавзуи «Бозтоби масъалаҳои маориф ва илм дар рӯзномаи “Хатлон” ва маҷаллаи “Мактаб”» баргузор гардид.
Зимни пешдифо Хайрзода Рамазон муҳтавои асосии рисола, ҳадафу вазифаҳои таҳқиқот, навгонии илмӣ ва аҳамияти назариявию амалии онро муаррифӣ намуда, нақши воситаҳои ахбори оммаро дар инъикоси масъалаҳои соҳаи маориф ва илм мавриди таҳлили амиқ қарор дод.
Дар муҳокимаи рисола мудири кафедраи рӯзноманигорӣ Шарипов Сангимурод, профессорони кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муродӣ Мурод ва Азимҷон Азимов, дотсенти кафедраи рӯзноманигории донишгоҳ Маҳкамзода Дилором, инчунин омӯзгорони кафедра иштирок намуда, оид ба муҳтавои рисола, сатҳи таҳқиқот, аҳамияти илмӣ ва амалии он андешаҳои худро баён карданд. Дар баробари арзёбии мусбати кори анҷомшуда, аз ҷониби иштирокдорон як қатор пешниҳодҳо ва тавсияҳои судманд ҷиҳати такмили рисола барои ҳимояи ниҳоӣ ироа гардиданд.
Қайд гардид, ки рисола зери роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маъмурзода Носирҷони Маъмур таҳия гардида, аз нигоҳи сохтор, муҳтаво ва дастовардҳои илмӣ ба талаботи корҳои диссертатсионӣ ҷавобгӯ мебошад.
Дар фарҷоми ҷаласа, аъзои кафедра бо дарназардошти натиҷаҳои муҳокима, рисолаи илмии Хайрзода Рамазонро барои идомаи расмиёти ҳимоя тавсия намуда, ба унвонҷӯ дар марҳилаи минбаъдаи фаъолияти илмӣ барору комёбиҳо орзу карданд.
