Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар фикри оромию ободии кишвари худ, балки дар андешаи амнияту суботи тамоми ҷаҳон ҳастанд.
Қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”ин ҳам далели равшани сиёсати сулҳҷӯёна, башардӯстона ва дурбинонаи Сарвари давлати моро баён месозад.
Мо бо Пешвои тоҷикони ҷаҳон ифтихор дорем, ки бо чунин ташаббусҳои созандаву сатҳи ҷаҳонӣ номи миллати тоҷикро дар саросари олам ба некӣ муаррифӣ менамоянд.
Шараф ба Пешвои муаззами миллат барои таъмини сулҳу суботи комил, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ.
Ин ҳама самара аз сиёсати хирадмандона, талошҳои пайгирона ва заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои наҷиби инсоният мебошад.
Ба қадри ин ҳама расидан зарур аст, зеро сулҳу ваҳдати миллӣ бузургтарин неъмат ва шарти асосии рушду шукуфоӣ ва бақои давлату миллати мо ба ҳисоб меравад.
Мо боварӣ дорем, ки ин қатънома на танҳо мавқеи кишвари моро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам устувор мегардонад, балки барои ҳамзистии осоишта, пешгирии низоъҳо ва таъмини ояндаи неки тамоми сайёра заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.
Билоли Ҳигматулло,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
