Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи ҷамъбастии Шурои олимон таҳти раёсати ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат баргузор гардид.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳими фаъолияти таълимӣ ва илмии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, аз гузориши Н. Ашурзода, сардори раёсати таҳсилоти донишгоҳ муҳокимаи натиҷаҳои аттестатсияи давлатии хатмкунандагон, ҳисоботи раисони комиссияҳои аттестатсияи давлатӣ шунида шуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Ф. Қурбонов, котиби Шурои олимон оид ба ҳолати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Шурои олимон дар факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ, дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025–2026 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба беҳтар намудани сифати таълим ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои донишгоҳ тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.

Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим оид ба фаъолияти Шуро дар соли таҳсили 2025–2026 шунида шуда, натиҷаҳои фаъолияти солона баррасӣ гардиданд.
Аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба сохторҳои марбутаи донишгоҳ барои иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои гузошташуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар анҷоми ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, доир ба онҳо низ қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Инчунин, ба як қатор омӯзгорони донишгоҳ барои фаъолияти пурсамар бо Ифтихорнома ва нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.