Шоми имрӯз дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Барномаи фарҳангӣ бо ҳадафи арҷгузорӣ ба арзишҳои Истиқлолият, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, муаррифии фарҳангу ҳунари миллӣ ва фароҳам овардани муҳити хуби фарҳангиву фароғатӣ барои сокинону ҷавонон ташкил карда шуд.
Дастаи ҳунарии «Леваканд»- назди донишгоҳ бо барномаи махсуси фарҳангӣ-фароғатӣ дар назди ҳозирин ҳунарнамоӣ карда, фазои чорабиниро ба муҳити идона табдил дод. Ҳунармандони даста бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона, таронаҳои дилнишин, оҳангҳои миллӣ ва рақсу барномаҳои саҳнавӣ ба чорабинӣ шукӯҳи хос бахшиданд. Сурудҳои дар васфи Тоҷикистон, Ватан, Истиқлолият ва сулҳу ваҳдат садодода, аз ҷониби иштирокчиён ва сокинони шаҳр бо хушҳолӣ истиқбол гирифта шуданд.
Чорабинии мазкур ҳамчунин як василаи хуби фароҳам овардани фазои солими маънавӣ ва фароғатӣ барои ҷавонон арзёбӣ гардида, дар баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба Ватан нақши муҳим гузошт.
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ маҳсуб ёфта, маҳз ба шарофати он имрӯз дар кишвар барои рушди фарҳанг, ҳунар, маориф ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа имкониятҳои васеъ фароҳам омадааст.

