Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши бонувони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар донишгоҳ аксияи «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории аксия тарғиби либоси миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии ниёгон ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ мебошад.
Иштирокчиёни аксия бо пӯшидани либосҳои зебои миллӣ нишон доданд, ки фарҳанги либоспӯшии тоҷикона яке аз нишонаҳои муҳими ҳувияти миллӣ ва мероси гаронбаҳои гузаштагон ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки тарғиби либоси миллӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ нақши муҳим дорад.

