Дар доираи ҳамкориҳои муштарак Баҳодур Имомализода, декани факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилоотии Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав ба Донишгоҳи миллии омӯзгории занонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафари корӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот бо Ақтолқин Турлихановна Қулсариева, муовини ректор оид ба илм ва ташаббусҳои стратегӣ, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ, рушди ҳаракати академӣ ва табодули ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баррасӣ шуданд.
Тарафҳо ба таҳкими робитаҳои илмию таълимӣ, табодули таҷрибаи касбӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
