Имрӯз дар кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баррасии диссертатсияи Қурбонзода Акмал Акрам дар мавзуи «Вижагиҳои жанрӣ ва мавзӯии публисистикаи Зариф Ибод» баргузор гардид.
Диссертатсияи мазкур барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D050400 – рӯзноманигорӣ (6D050401 – рӯзноманигорӣ) пешниҳод гардидааст.
Дар чорабинӣ Парвина Соқиева, мудири кафедра, Маҳкамзода Дилором, Қурбонова Раҳёнгул, Мусавирова Фарзона, Расулзода Комрон, дотсентони кафедра, Назаров Умед, Шарипова Меҳрангез, омӯзгорони кафедра, Муродӣ Мурод ва Азимҷон Азимов, профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, иштирок намуда, доир ба аҳаммияти мавзуи таҳқиқот, вижагиҳои омӯзиши публисистика ва нақши таҳқиқоти илмӣ дар рушди илми рӯзноманигорӣ андешаронӣ карданд.
Зимни баррасӣ масъалаҳои марбут ба муҳтавои диссертатсия, хусусиятҳои жанрӣ ва мавзӯии осори публисистии Зариф Ибод, инчунин арзиши илмӣ ва амалии таҳқиқот мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Иштирокчиён андешаҳои худро вобаста ба аҳаммияти омӯзиши мероси публисистии адиб ва рӯзноманигор баён намуда, барои такмили минбаъдаи таҳқиқот пешниҳодҳои илмӣ ироа карданд.
Чунин чорабиниҳо барои таҳкими робитаҳои илмӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти диссертатсионӣ ва омода намудани кадрҳои илмӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ёдовар мешавем, ки роҳбари илмии диссертатсия номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипов Сангимурод мебошад.

