Имрӯзҳо Дилором Маҳкамова, дотсенти кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар барномаи такмили ихтисоси омӯзгорони журналистика, ки бо ташаббуси Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 8 ноябри соли 2026 баргузор мегардад, иштирок намуда истодааст.
Дар барномаи мазкур 16 нафар омӯзгори соҳаи журналистика аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар фаро гирифта шудаанд. Меҳвари асосии омӯзишро масъалаҳои марбут ба такмили низоми таҳсилоти журналистӣ, таҳия ва бознигарии барномаҳои таҳсилотӣ, инчунин мутобиқ намудани нақшаҳои таълимӣ ба талаботи муосири таҳсилоти олӣ ташкил медиҳанд.
Зимни машғулиятҳо масъалаҳои таҳия ва коркарди барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ барои зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисоси PhD мавриди омӯзишу баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамзамон, ба мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимӣ, такмили равишҳои омӯзиш ва баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи журналистика таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Иштироки Дилором Маҳкамова дар ин барномаи омӯзишӣ имкони мусоиди табодули таҷрибаи касбӣ, азхуд намудани усулҳои муосири таҳияи барномаҳои таълимӣ ва шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами таълими журналистикаро фароҳам меорад.

