Тибқи супориши роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бо мақсади омодасозии омӯзгорони донишгоҳ ба барномаи табодули таҷриба дар Ҷумҳурии Қазоқистон, санҷиши сатҳи донистани забони русӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии санҷиш муайян намудани сатҳи забондонии омӯзгорон ва омодагии онҳо барои муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон ва махсусан ДДБ ба номи Носири Хусрав дар доираи чорабиниҳои байналмилалӣ бо забони русӣ мебошад.
Дар санҷиши мазкур Б.Сайдамирзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, А. Улфатзода, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, Ш. Ашурзода, д.и.ф., профессор, мудири кафедраи забон ва адабиёти рус ва Ҳ. Турсунов, н.и.ф., мудири кафедраи методика ва амалияи таълими забон ва адабиёти рус иштирок намуда, сатҳи донишу малакаи забонии омӯзгоронро мавриди арзёбӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, ба омӯзгорони сафарбаршаванда тавсияҳо дода шуданд, ки дар рафти барномаи табодули таҷриба ба омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи пешқадам, аз худ намудани донишҳои нав ва такмили малакаҳои касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Таъкид гардид, ки чунин барномаҳо имконияти мусоидро барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии омӯзгорон, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои илмию таълимии Донишгоҳ фароҳам меоранд.
Раёсати донишгоҳ барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии ҳайати омӯзгорон пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

