Дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 – и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи рисолаи Тағойзода Зафар, докторанти кафедраи методикаи таълими математикаи донишгоҳ, дар мавзуи «Ташаккули омодагии омӯзгорони ояндаи математика ба татбиқи методикаи робитаҳои байни фанни математика ва технологияҳои рақамӣ», зери роҳбарии Мирзоев Маҳмашариф Сайфович, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи технология ва системаҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Маскав доир шуд.
Рисолаи мазкур барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D010900 – Математика (6D010902 – Назария ва технологияи таълими математика (таҳсилоти касбӣ)) пешниҳод гардидааст.
