Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ
Ҳамкасбон ва устодону шогирдони арҷманд!
Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва нишони ифтихори миллӣ дар тамоми таърихи инсоният ҷойгоҳи махсус дорад. Аз давраҳои қадим то имрӯз, парчам ҳамчун рамзи ҳастии миллатҳо, ормонҳои онҳо ва нишонаи иттиҳоду ваҳдат маҳсуб меёбад. Барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик, ки дорои таърихи чандинҳазорсола мебошад, парчам ҳамеша рамзи шараф, далерӣ ва ҳувияти миллӣ эътироф гардидааст.
Хушбахтона, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Бояд хотиррасон кард, ки қабул гардидани Парчам, амнияту оромӣ, истиқрори сулҳ ва дастоварду комёбиҳои даврони истиқлол ба номи шахсияти бузургу нотакрори таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавию ногусастанӣ дорад. Набояд фаромуш кард, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ гардиданд.
Воқеан, Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст: “Дар парчами кишвари мо давлат бо иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус ватандориву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст”.
Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтиром ба парчами миллӣ, бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Қабул гардидани Парчами миллӣ ҳамчун иқдоми наҷибу нек идомаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, аз ҳар як сокини кишвар ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулиятшиносиро тақозо менамояд. Ин иқдом насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд.
Мо бояд, ватандӯсту ватанпарвар бошем, аз Парчами миллии худ ифтихор намоем, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин намоем. Меҳру муҳаббати мо ба Парчами миллӣ, ки рамзи воқеии эътиқоду имон ба давлату миллат, сарзамин ва тамаддуну фарҳанг аст, бояд беш аз пеш афзун гардад, зеро Парчам барои миллат эътибору шараф ва барои Ватан нишони муқаддас аст.
Мақсаду мароми ҳайати профессорону омўзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав амалӣ намудани қарору фармонҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорати маориф ва илми кишвар, таъмини босифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат дар соҳаҳои омӯзгорӣ, иқтисодиву соҳибкорӣ аз дараҷаи бакалавр то доктори илм, ворид шудан ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот, корбасти тарзу усулҳои пешқадами таълим маҳсуб меёбад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои созанда моро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бояд бештар меҳнат кунем, бо меҳнати софдилонаву содиқонаи хеш дар тарбияи мутахассисони воқеан арзанда саҳмгузор бошем.
Бо ин таманниёти нек, ҳамаи Шуморо ба ҷашни пурифтихори Рӯзи Парчами миллӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо тандурустӣ, бахту саодат ва тамоми шодкомиҳоро орзу менамоям. Бигузор, Парчами пурҷило ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд!
Рӯзи Парчами миллӣ муборак!
