Имрӯз, 23.11.2026, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” конференсияи илмиву назариявӣ дар мавзуи “Парчам – рамзи давлатдорӣ, ифтихор ва ҳувияти миллӣ” баргузор гардид.
Дар кори конфронс директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Ёқубов, Мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Равшан Махсумзод, Муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Карим Назриев, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Муродалӣ Собир, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Акмал Маҳмадӣ, Дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи С.Айнӣ Роҳатов Ғайратшо, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарофуддинов Суҳроб Саломович ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ муҳтарам Имомов Ҳумоюн Шарофиддинович иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, дар конфронси илмӣ ходимони илмии Осорхонаи миллӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конфронси мазкур аз ҷониби адибон, коршиносон, муаррихон дар мавзуи “Аз таърихи пайдоиши Парчам”, “Давлатдорӣ ва парчамдории тоҷикон дар раванди таърихӣ: нигоҳ аз имрӯз”, “Парчам рамзи ҳувият, сулҳу ваҳдат”, “Парчам – рамзи давлатдории миллии тоҷикон”, “Таърихи қабул ва ташаккули парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – таҷассумгари истиқлолият, ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ” маърӯзаҳо ироа гардиданд.
Аз ҷониби маърӯзачиён зикр гардид, ки дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ба хусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ инъикос ёфтааст.
Хусусан, даврони муосир дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард. Хушбахтона, 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.
Директори Осорхонаи миллӣ муҳтарам Иброҳимзода Зафаршо Сафо ёдовар шуданд, ки дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон муаррифӣ, қабул ва тасдиқ гардид, ки онро Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бўсида, дар назди он савганди садоқат ёд намуданд, ҳамчун ашёи нодири таърихӣ мавриди ҳифз ва муаррифии шоиста қарор дорад.
Дар фарҷом, табодули афкор миёни иштирокчиёни конференсияи илмиву назариявӣ оид ба мавзуи “Парчам – рамзи давлатдорӣ, ифтихор ва ҳувияти миллӣ” сурат гирифт.

