Парчамҳои мутавофити кишварҳои дунё нишонаи он ҳастанд, ки одамон ба ин ё он ҷомеа, сарзамин ё миллат тааллуқ доранд ва соҳиби ақоид, аҳдоф, қавонин ва муқаррароти муштарак мебошанд. Алъон дар олам зиёда аз195 кишвари мустақил дорои парчами хос бо намоду рангҳои махсус арзи вуҷуд дорад. Парчамҳоро наметавон ба ҳайси як порчаи бо рангу намодҳо мунъакисёфта қабул кард, онҳо қаблан намоди ғурур ва амнияти миллии ин ё он кишвар, ки аз таърих, муборизот, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ва ормону улгӯҳои як давлат муаррифӣ мекунанд, бишнохт.Аз олами парчамҳо, ки хеле аҷибу ғариб ҳастанд, гуфта, аз зеботарин парчам, ки парчами кишвари азизамон Тоҷикистон аст, бояд бо муҳаббати беохир ва ғурури миллӣ соатҳо ҳарф занем ҳам кам аст. Маҳбубтарин рангҳо барои парчам сурх, сафед, сабз ва обӣ ҳастанд, ки се ранги аввал дар парчами кишвари мо ҳаст ва аз ҷиҳати гуруҳбандӣ дар асоси интихоби ранг ва тарҳ парчами Тоҷикистон аз парчамҳои мардуми ориётабор маҳсуб меёбад. Дар мавриди таъриху фарҳанги парчамдории миллати тоҷик аз маъхазҳои зиёди таърихӣ иттилооти пурғановат метавон ёфт, яъне пайдо ва асос ёфтанаш аз давраи муборизаи Кова алайҳи Заҳҳок пешгири чармии ӯ мебошад ва он дирафши ковиёнӣ сирф афсонавӣ набуда ва ба истиноди таърих то пеш аз ҳамлаи тозиён ба Эрон, бавижа дар замони Сосониён ва Ҳахоманишиён Парчами миллӣ ва низомии мардуми форс буд, ки Муҳаммад Ҷарири Табарӣ дар китоби “Таърих-ур-русул ва-л-мулук” зикр намудааст: “Дирафши Ковиёнӣ аз пӯсти паланг дуруст шуда, ба дарозии дувоздаҳ арш, ки агар ҳар аршро фосилаи байни ангуштони даст то бандгоҳи оринҷ аст, 60 сантиметр ба ҳисоб оварем, тақрибан панҷ метр арз ва ҳафт метр тӯл мешавад” .
Дар замони Сосониён ин дирафш бо он тағйир меёфт, ки ҳар подшоҳ чун ба қудрат даст меёфт, теъдоди ҷавоҳирро зиёд менамуд ва аз пӯсти шер ё паланг дуруст мекард. Ривояте ҳаст, ки ба ҳангоми ҳамлаи аъроб ба Эрон, ҷанге дар атрофи шаҳри Наҳованд даргирифт, дирафши ковиён ба дасти онон афтод ва чун онро назди Умар ибни Хатоб бурданд, халифа аз бисёрии гуҳарҳо, дурҳо ва ҷавоҳироте, ки бар дирафш овехта шуда буд, дар шигифт афтод ва тибқи навиштаи Фазлуллоҳ Ҳусайни Қазвинӣ “сипас бифармуд то он гуҳарҳоро бардоштанд ва он пӯстро сӯзонданд”.
Дар таърихи фарҳанги парчамдорӣ дирафш ё парчами Куруши бузург низ ҷойи вижа дорад. Қабл аз ба подшоҳӣ расидани Куруш рӯи парчами эронинажод гови болдор мунъакис шуда буд, бо зуҳури ҳукумати Куруш ин нақш ба тасвири парандаи шикорӣ бо номи шаҳбоз тағйир ёфт, ки тибқи ривояте, ин паранда ноҷии ориёиҳо мешавад ва онҳоро ба самти Эрон ҳидоят мекунад.
Баъд аз ҳамлаи аъроб ба Хуросону Мовароуннаҳр тайи 200 сол ҳеч нишонае аз дирафш ё парчами хос бо нақшҳои заррин боқӣ намонд , ба истиснои чанд шахсияти таърихие, ба монанди Абӯмуслими Хуросонӣ ва Бобаки Хуррамдин, ки яке байрақи сиёҳ ва дигаре байрақи сурх доштанд ва пайравони онҳоро ҷомасиёҳону ҷомасурхон мегуфтанд, ки алайҳи халифаи Аббосӣ ҷангидаанд.
Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки сулолаи Сомониён ҳам дорои парчами хос набуд, зеро тибқи муқаррароти шариати исломӣ тасвиргароӣ ва нигоргариро қабул надоштанд, яъне тасвири шаклу сурат дар китоб, деворҳо ва дар парчам ҳаром маҳсуб меёфт.
Ба истиноди таърих миллати тоҷик парчами Хонигарии Бухоро ва баъдан Аморати Бухоро то соли 1920, Ҷумҳурии Шуравии Халқии Бухоро аз соли 1921 то соли 1924, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз соли 1924 то соли 1929, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро аз соли 1929 то 9 сентябри соли 1991 бар сари хеш афрохтааст, ки ҳар яке намоде вобаста аз таърих, сохти давлатдорӣ ва идеологияи онро дошт.
Даврони бузург ва муҳими парчамдории миллати тоҷик аз Иҷлосияи XVI-и Шурои Олӣ ва то имрӯз идома дорад, маҳз шурӯъ аз ин санаи муборак миллати тӯли таърихи дароз ранҷкашидаи тоҷик соҳиби муқаддасоти хеш гашт, ормонҳои миллӣ маҳз аз ин санаи ҳумоюнфол бо фикри равшанбини Сарвари эъморгари миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалӣ шудан оғоз намуданд. Парчами Тоҷикистон рамзи давлат буда, намоду рангҳои он аз фарҳанги қадимиву ғанӣ, орзуву ниятҳои миллати мо ҳикоят мекунад.
Сафедӣ бахту иқболи туву ман,
Бувад сурхӣ ҷилои хуни Меҳан.
Ба ранги сабз рӯяд нахли ҳастӣ,
Самар ёбад ҳам аз мазмуни Меҳан.
Дар паёми шодбошии хеш ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд:“ Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад. Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад”.
Дар радифи гуфтори хеле пурмуҳтаво моро месазад, ки фарҳанги парчамдориро риоя намоем ва муқаддасотро воқеан ва комилан дӯст дорем ва ба қадру манзалати он дар ҳама лаҳза бирасем, то ҳар амалкарди мо сабақе барои ҷавонон ва наврасон гардад. Бигзор ҷилваи парчами миллӣ дар фазои соҳибистиқлолии кишвар эҳсоси ватандории моро ҷовидона ба туғён биёварад ва ифтихори якояки моро афзун намояд ва садоқату эҳтироми моро нисбат ба Тоҷикистон, Пешвои миллат ва кулли муқаддасоташ ҷӯшон бисозад!
Ҷилваю парафшонии ин Парчам ободӣ, шукуфоӣ ва сарзиндагию шодобии кишвари мост. Ҳар бор ин Парчами муқаддас дар дохилу хориҷ ба ҷилва меояд вуҷуди ҳар яки мо-соҳибони ин обу хок аз эҳсоси ватандорӣ, муттаҳидӣ ва сарҷамъӣ саршор мегардад. Аз ин рӯ, то мо бошему ин Ватан-маъману меодгоҳи мо бошад, бигзор он парафшону тобон ва бар сари дастони ҳар сокини ин Меҳани гиромӣ ифтихорофарин бошад.
Қаландарзода Ғолиб,
омӯзгори кафедраи таърихи умумии ДДБ ба номи Носири Хусрав
