Дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмӣ, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори бузургдошти ду чеҳраи барҷастаи илму фарҳанги ҷаҳонӣ — Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар қароргоҳи Созмони маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Абдулҳай Комилӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Иштироки профессор Абдулҳай Комилӣ дар ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ барои муаррифии мероси гаронбаҳои илмӣ ва фарҳангии миллати тоҷик, инчунин саҳми донишмандони тоҷик дар омӯзишу тарғиби осори нобиғаҳои тамаддуни башарӣ аҳаммияти хос дорад.
Дар чорабинии мазкур ҷойгоҳ ва мақоми Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ, саҳми онҳо дар рушди илмҳои гуногун ва аҳаммияти осори безаволи ин бузургон барои инсоният мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Суханронии намояндаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар қароргоҳи ЮНЕСКО нишонаи иштироки фаъоли олимони донишгоҳ дар муколамаи илмии байналмилалӣ ва талошҳои пайваста дар роҳи муаррифии арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

