ҶАВОНОН — ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ
Имрӯз бо ташаббуси факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Ҷавонон — ояндаи дурахшони миллат» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳайати омӯзгорон, донишҷӯён ва фаъолони факултет иштирок намуда, доир ба нақши ҷавонон дар рушди давлатдорӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, пешрафти илму…
