– Зери ин унвон имрӯз дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав бахшида ба 80-солагии Рўзи ғалаба конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ доир шуд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия оғоз гардид.
Сипас, Юсуфшо Яқубов, профессори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш дар мавзуи “Манбаъҳо оид ба аҳаммияти оламшумули таърихии ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)”, Ҳайдаршо Пирумшоев , – доктори илмҳои таърих, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Саҳми сокинони Бадахшони Шуравӣ дар Ғалаба алайҳи фашистони истилогар”, Раҳмоналӣ Шарипов, профессори кафедраи таърихи қадим, асрҳои миёнаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Летопись героизма посланцев Таджикистана во фронтах Великой Отечественной Войны (на примере сборника материалов Рахмона Сафарова «Летопись подвигов»)”, Нуриддин Одиназода, номзади илмҳои таърихи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Саҳми доктори илмҳои таърих, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Ҳамроев Маҳмадӣ дар таҳқиқи таърихи водии Вахш” баромад намуданд.
Дар идомаи конференсия Сиряпкина Юлия Николаевна, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай дар мавзуи “Таджикистан в годы ВОВ”, Эркаева Нигора Сафаровна, доктори илмҳои фалсафа, профессори Донишгоҳи Восточного Мичиганаи Амрико дар мавзуи «Таджикистанцы участники парада Победы» ва Волф Ганг, доктори илмҳои фалсафа, профессори Донишгоҳи Германия дар мавзуи «Уроки Великой Отечественной войны (1941-1945)» тариқи онлайнӣ ибрози андеша карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки конференсия аз 3 бахш иборат буда, дар он 123 мавод пешбинӣ гардидааст.



