Имрӯз дар Маркази илмӣ – таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ”-и ДДБ ба номи Носири Хусрав даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад…” миёни донишҷӯдухтарони факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави болаёқат, суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва роҳандозӣ мешавад.
Мавриди қайд аст, ки озмун дар ду давр аз рӯи се шарти зерин ҷараён мегирад:
-
қироати ифоданоку таъсирбахши порчаҳо аз рӯйи қисматҳои “Шоҳнома”;
-
дарки маънии порчаҳои азёднамуда ва шарҳу тавзеҳи байтҳои алоҳида;
-
луғатдонӣ.
Ғолибон бо туҳфаҳои аризшманд қадрдонӣ карда мешаванд.


