Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маросими тантанавии тақдими дипломҳои аъло ба хатмкунандагони соли таҳсили 2025–2026 баргузор гардид.
Ҷамъомадро ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ифтитоҳ намуда, хатмкунандагонро бо анҷоми муваффақонаи таҳсил ва соҳиб шудан ба дипломҳои аъло самимона табрик гуфт.
Зимни суханронӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат изҳор дошт, ки дониш сарвати бузургтарини инсон буда, маҳз тавассути илму маърифат шахс метавонад дар зиндагӣ мавқеи арзанда пайдо намояд. Ба гуфтаи ӯ, сиёсати маорифпарваронаи давлат, таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи илму маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълим боис гардидааст, ки ҷавонон бо дониши мукаммал ва ҷаҳонбинии васеъ вориди ҳаёти мустақилона шаванд.
Сипас, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ Исҳоқзода Муслиҳиддин суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳайати профессорону омӯзгорон барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи мутахассисони рақобатпазир пайваста талош меварзанд. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи ҳамин заҳматҳо имрӯз дар дастовардҳои хатмкунандагон, аз ҷумла соҳиб шудани онҳо ба дипломҳои аъло, равшан инъикос меёбад.
Зикр гардид, ки дар соли таҳсили 2025–2026 дар маҷмӯъ 61 нафар хатмкунанда ба гирифтани дипломи аъло мушарраф гардиданд. Аз ин шумора 42 нафар хатмкунандагони шуъбаи рӯзона ва 19 нафар хатмкунандагони шуъбаи магистратура мебошанд.
Дар охири ҷамъомад Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ ба хатмкунандагони беҳтарин дипломҳои аълоро дар фазои тантанавӣ супурда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ, идомаи таҳсил ва хизмат ба Ватану ҷомеа комёбиҳои нав орзу намуд.

