Имрӯз дар майдончаи Федератсияи футболи шаҳри Бохтар бозии ниҳоии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар финали мусобиқа дастаҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Агентии нафақа дар вилояти Хатлон бо ҳам қувва озмуданд.
Бозингарони Донишгоҳи давлатии Бохтар аз дақиқаҳои аввали рақобат бо маҳорати баланди техникӣ, ҳамоҳангии даставӣ ва иродаи қавӣ ташаббусро ба даст гирифта, дар натиҷа бар ҳарифи худ ғолиб омада, соҳиби Ҷоми Раиси вилояти Хатлон гардиданд.
Ин пирӯзии арзишманд натиҷаи омодагии хуб ва рӯҳияи баланди варзишии бозингарон буда, бори дигар нишон дод, ки ҷавонони донишгоҳ на танҳо дар ҷодаи илму дониш, балки дар арсаи варзиш низ дастовардҳои назаррас доранд.
Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳайати дастаи футболро бо ин дастоварди арзишманд табрик гуфта, ба онҳо дар мусобиқаҳои минбаъда низ комёбиҳои бештар таманно намуд.
Ин ғалаба туҳфаи арзанда ба дастовардҳои варзишии донишгоҳ ва мояи ифтихори аҳли омӯзгорону донишҷӯён мебошад.
