Имрӯз дар факултети химия ва биология вохӯрии падару модарони донишҷӯёни гурӯҳи 401 – и ихтисоси химия – биология бо иштироки роҳбари гурӯҳ У. Расулов, ҷойнишини декан оид ба илм Ғ. Пиров баргузор карда шуд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии роҳбари гурӯҳ У. Расулов оғоз ёфта, дар он таъкид шуд, ки ҳамкории муназзами волидайн бо муассиса яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки волидон бояд аз равандҳои таҳсил, рафтор ва муносибати фарзандонашон дар донишгоҳ пайваста огоҳ бошанд, онҳоро беназорат нагузоранд ва ҳамеша бо куратори гурӯҳ дар робита бошанд. Таъкид шуд, ки дастгирӣ ва ҳавасмандсозии волидайн ба хондану илмомӯзӣ дар ташаккули мутахассисони соҳавии оянда нақши калидӣ мебозад.
Илова бар ин, масъулони факултет аз падару модарон хоҳиш намуданд, ки ҳозиршавии саривақтии фарзандон ба дарс ва риояи либоси тавсиявии донишгоҳро ҳамеша таҳти назорат қарор диҳанд.

