Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ – методӣ баргузор гардид.
Нахуст, Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим вобаста ба нақшаи кории ШИМ суханронӣ намуд.
Аз рӯйи масъалаи аввал Пиров Аламшо, профессори кафедраи фалсафа оид ба “Бозтоби ҳуввияти миллӣ дар асари «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” андешаронӣ намуд.
Сипас аз ҷониби Рёсати байналмиллалии донишгоҳ оид ба”Натиҷаи ҳамкориҳои
донишгоҳ бо Марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, МТОК-и хориҷи кишвар дар самти корҳои таълимӣ-методӣ, илмию методӣ, таҷрибаомузӣ, такмили ихтисос дар соли 2025 ва ба нақшагириву вазифаҳои он дар соли 2026″ андешаронӣ намуд.
Ҳамчунин дар ҷаласа муҳокима ва тасдиқи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар муҳокимаи масъалаҳои баррасишуда профессорон ва дигар аъзоён фикру андешаҳои судманд баён намуданд.

