АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ ва алгоритмҳои зеҳни сунъӣ дар таҳсил, илм ва истеҳсолот» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Конференсия ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) ва Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040) бахшида шуд. Дар он мавзуъҳои «Нақши зеҳни сунъӣ дар таълими машғулияти онлайнӣ дар ҷараёни таълим», «Татбиқи методи пӯлод дар арзёбии объективонаи дониши хонандагони синфҳои 7-ум аз фанни физика» ва «Арзиши маҳсулоти иттилоотӣ дар давраи гузариш ба иқтисоди рақамӣ» баррасӣ карда шуданд.
Конференсия бахшҳои «Масъалаҳои мубрами технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, зеҳни сунъӣ ва коркарди додаҳо», «Масъалаҳои мубрами математикӣ ва татбиқи он», «Татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ ва алгоритмсозии зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун» ва «Методикаи муосири татбиқи технологияҳои рақамӣ дар таълими фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ»-ро фаро гирифт.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
