24 декабр Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе дар маҷмуъ дорои 80 ҳуҷраи кории барҳаво буда, барои кормандони эҷодӣ ва техникӣ шароити муҳими кору фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Телевизиони Душанбе дорои чор студияи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти соҳавӣ буда, калонтарини он студияҳои якум ва дуюм мебошанд, ки барои сабти барномаҳои консертӣ, ток-шоу ва барномаҳои калонҳаҷм пешбинӣ шудаанд.

