Дар ҷаласаи якҷояи кафедраҳои методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ ва педагогикаи донишгоҳ муҳокимаи пешакии рисолаи номзадии Аҳмадзода Салоҳиддин Аҳмад, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ дар мавзуи “Ташаккули ҳофизаи таърихии хонандагон тавассути технологияи рушди тафаккури таҳлилӣ”, ки зери роҳбарии н.и.п., дотсент Қурбонов Файзалӣ омода гардидааст баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур аъзоёни кафедраҳои номбурда, роҳбари илмии унвонҷӯ, муқарризон ва ду нафар намояндагони Шурои диссертатсионӣ, н.и.п. Ҳакимова Ҷ. ва н.и.п. Исматов С. иштирок доштанд.
Баъди шунидани маърӯзаи унвонҷӯ баромади ӯ ба муҳокима гузошта шуд.
Дар охир, ба унвонҷӯ тавсия дода шуд, ки камбудиҳои ҷузъии мушоҳидашударо сари вақт ислоҳ намуда ба Шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод намояд.

