Барои пешрафту тараққӣ мо ба донистани вазъи феълӣ ва дурнамо ниёз дорем. Аз ин рӯ, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола дар поёни соли молиявӣ ва ё гоҳан дар оғози соли нав ироа мегардад, барои мо Барномаи рушд аст. Паём таҳлили амиқи тамоми соҳаҳои зиндагиро фаро гирифта, онҳоро дар тарозуи пешрафт бармекашад ва бурду бохти моро барои муддати муайяни сипаришуда мушаххас мекунад.
Маъмулан, Паём ҳомили рақамҳои хеле зиёде мебошад ва моро лозим аст, ки зимни мутолиаи Паём ба он рақамҳо таваҷҷуҳ намоем. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки ин ё он соҳа дар чи вазъияте қарор дошт ва алон ба куҷо расидааст. Дар оғози ироаи Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нуктаи бисёр муҳим таъкид карданд, ки ӯ зимни ироаи Паём бурду бохти кишварро дар қиёс бо даҳ соли гузашта ба риштаи таҳлил кашидаанд. Ва ин нукта хеле муҳим аст. Чунки мо барои анҷоми корҳои ҳаҷим ва калон, ки битавонанд ба кулли кишвар таъсиргузор бошанд, ба вақт ва имконоти молиявӣ ниёз дорем.
Дар муддати кӯтоҳ ва мавҷуд будани камбуди молиявӣ ҳеҷ як ҳадафи мо ҷомаи амал намепӯшад. Ҳамаи корҳо аз он ҷумла корҳои на он қадар бузург ҳам омӯзиш, таҳлил ва имконоти молиявиро тақоз мекунанд. Аз ин рӯ, мо агар дар қиёс ба 10 соли сипаригашта нигоҳ кунем, дар кулли соҳаҳои зиндагӣ пешравиҳои назаррас доштаем. Ҳоло ин ҷо мо бо истинода ба Паёми ироанамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде аз рақамҳоро оварда перомуни онҳо изҳори андеша хоҳем кард: «Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад».
Интихобот баёнгари он мебошад, ки ҷомеаи мо ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, дар он ҳуқуқ ва озодии инсон арзиши олӣ ҳисобида мешаванд. Яке аз масъалаҳои бисёр доғ ва муҳим барои кишвари мо масъалаи марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон буд, ки ба таври мусолиматомез ҳаллу фасл шуд. Яъне, хирад ба ҷаҳолат ва нур бар торикӣ пирӯз шуд. Бо ин мо роҳро барои рушду тараққӣ ва осмони софу беғубор дар кишвари худ ва кишварҳои ҳамсоя ҳамвор намудем. Дар ин амр нақши кишвари мо ва бавежа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Чун ӯ кори хешро ба ҳайси роҳбари Тоҷикистон аз сулҳ оғоз карда буд, аз ин рӯ, ба имзо расидани қарордоди сулҳ дар байни кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон идомаи сиёсати сулҳпарваронаи ӯ мебошад.
Ҳоло боз ба як чанд факту рақамҳои дар Паём оварда муроҷиат мекунем: «Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.
Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.
Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид.
Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт.
Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.
Соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид».
Мебинед дӯстони гиромӣ, чи корҳои азиме ба иҷро расидаанд ва боз ба итмом расида истодаанд ва чи нақшаҳои азиме барои ояндаи дурахшони кишвар тарҳрезӣ шудааст. Мо дигаргунӣ ва пешравиро дар ҳамаи соҳаҳо бармало мебинем ва эҳсос мекунем. Аз ин рӯ, омӯзишу баррасии ҳар як нуктаи Паём ва ба мардум шарҳу тавзеҳ додани он вазифаи ҳар як шахси зиёии кишвар мебошад, то фард-фарди мамлакат аз ин Паём ва муҳтавои он ба таври бояду шояд огоҳӣ пайдо кунанд ва итминону боварии онҳо ба ояндаи дурахшони Ватани азизамон қавитару қавитар гардад.
Масъали дигари муҳим барои кишвари мо Тоҷикистони соҳибистиқлол ин таъмин мардум ва саноати кишвар бо барқ мебошад, ки солҳои наздик ин масъала ҳам ҳалли худро меёбад. Дар робита ба ин қазия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин фармуданд: «Дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд.
Аз ҷумла соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт зиёд карда шуд.
Дар баробари афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ як қатор лоиҳаҳои муҳимми дигар, аз ҷумла бунёди зеристгоҳҳои нави барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ амалӣ карда шуданд.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт – соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт – соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расонида шуд.
Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон – оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд».
Ва ҳамон тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, он рӯз дур нест, ки мо норасоии барқро комилан фаромӯш карда, ҳатто ба гӯшаи хаёламон нахоҳад омад, ки мо чанде пеш бо мушкилоти норасоии барқ рӯ ба рӯ будем.
Ҳамин тариқ, Паём санадест, ки масирҳои аслии рушди ояндаи кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлолро барои солҳои баъдӣ муайян мекунад.
Шарифзода Шарифхон Хол,
мудири кафедраи методикаи таълими ибтидоии ДДБ
